Футзалбозони шаҳри Кӯлоб ба тамринҳои бадан оғоз намуданд

Футзалбозони шаҳри Кӯлоб ба тамринҳои бадан оғоз намуданд

Бунёди толору майдончаҳои варзишӣ дар гӯшаву канори мамлакат ба он мусоидат намуд, ки сокинон ҳамарӯза ба тамрини бадан машғул шуда, ба ин васила солимию саломатии хешро нигоҳ доранд.

Давоми чанд рӯзи охир футзалбозони Лигаи касбии футзали мамлакат, ки дар дастаҳои гуногун, аз ҷумла дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ менамоянд, бо риояи масофаи байни ҳамдигарӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ ба машқҳо пардохта, ба оғози мавсими нави футзал омодагӣ мегиранд.

Маъмурияти дастаи футзали мамлакат аъзои дастаҳоро даъват намудааст, ки чунин машқҳои инфиродиро бо иштироки ками варзишгарон ва дар вақтҳои алоҳида баргузор намоянд. Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ марҳила ба марҳила ба тамрин шурӯъ карда, ба ғайр аз баргузории машқҳо дар хона, инчунин дар майдончаҳои варзишӣ низ чунин тамринҳоро баргузор менамоянд.