Имрӯз се ҷудокор Тоҷикистонро дар Abu Dhabi Grand Slam муаррифӣ мекунанд

Имрӯз се ҷудокор Тоҷикистонро дар Abu Dhabi Grand Slam муаррифӣ мекунанд

Имрӯз, 26-уми ноябр дар рӯзи аввали мусобиқаи Abu Dhabi Grand Slam 2021 кишвари моро се ҷудокор Шаҳбоз Сайдабуроров (-60кг), Алиҷон Сафаралиев (-66кг) ва Баҳром Суфиев (-66кг) муаррифӣ мекунанд.

Шаҳбоз Сайдабуроров (-60кг) дар даври аввал бо намояндаи кишвари Фаронса се маротиба барандаи нишони биринҷии Grand Slam Седрик Револ рӯ ба рӯ мешавад. Алиҷон Сафаралиев (-66кг) бошад, дар даври аввал бо ҷудокори руминиягӣ – Петр Жуков разм мекунад.

Баҳром Суфиев (-66кг) дар ин давр бо намояндаи Фаронса – Седдоуки Реда ба татами мебарояд. Рақобатҳои мазкурро сар аз соати 13:00 аз шабакаи ТВ “Варзиш” мустақиман метавонед тамошо кунед.