«КӮШОН» ЧЕМПИОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2020 ГАРДИД

«КӮШОН» ЧЕМПИОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2020 ГАРДИД

Дастаи "Кӯшон"-и ноҳияи Кӯшониён имрӯз дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар дар доираи даври ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон бо тими "Шоҳин"-и ноҳияи Муъминобод рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ғалабаи дастаи “Кӯшон” хотима ёфт. Дидори дастаҳо бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.

Бо ҳамин, дастаи «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо Ҷом ва медалҳои биринҷӣ қадрдонӣ карда шуд. Дастаи «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминобод бошад, бо Ҷом ва медалҳои нуқра сарфароз гардонида шуданд. Дастаи «Кӯшониён»-и ноҳияи Кӯшониён, ки барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон дар соли 2020 гардиданд, бо Ҷом ва медалҳои тилло сарфароз гардонида шуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон, мудири бахши варзиши дастгоҳи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Алишер, сардори Кумитаи интизомии ФФХ Ҳусейнзода Фарухӣ ва дигарон иштирок доштанд.

Лигаи дуюм.

1. “Кӯшониён”- “Чашма” 2:1

2. “Чашма” – “Сарҳадчӣ” 0:3 

Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон