Кейн ба назди устодаш меравад

Кейн ба назди устодаш меравад

Ҳарри Кейн, ҳамлагари "Тоттенхэм" метавонад корномаи худро дар “ПСЖ” идома диҳад. Тибқи иттилои манбаъ, футболбози 27-сола дар сурати рафтани Килиан Мбаппе ё Неймар, интихоби афзалиятнок хоҳад буд. Футболбози фаронсавиро "Реал" талабгор аст ва бразилиягӣ метавонад ба "Барселона" баргардад.

Сармураббии "парижиҳо" – Маурисио Почеттино, ки бо ҳамлагар дар "Тоттенхэм" кор мекард, ба гузариши Кейн манфиатдор аст. Хабар дода мешавад, ки мураббии 48-сола ҳоло ҳам бо футболбоз робитаи зич дорад. Аргентинӣ боварӣ дорад, ки “ПСЖ” клуби беҳтарин барои ҳамлагар барои ба даст овардани ҷоизаҳо хоҳад буд. Талабгори дигари Кейн "Манчестер Сити" аст. Ҳамзамон, "Тоттенхэм" ният надорад, ки футболбозро ба маблағи камтар аз 150 миллион фунт стерлинг фурӯшад.

Ёдовар мешавем, ки Кейн дастпарвари "лондониҳо" аст. Дар мавсими ҷорӣ ӯ дар клуби пойтахт дар ҳамаи мусобиқаҳо 33 бозӣ гузаронида, 21 гол зада, 14 партофти головар анҷом додааст.