"Ювентус" бо "Атлетико" гуфтушунидро оғоз кард

"Ювентус" бо "Атлетико" гуфтушунидро оғоз кард

Бошгоҳи "Ювентус" ба нақша гирифтааст, ки бо "Атлетико Мадрид" дар бораи ҳамлагар - Алваро Мората гуфтушунидро оғоз кунад. Итолиёвиҳо мехоҳанд иҷораи ҳамлагарро барои як мавсими дигар тамдид кунанд, зеро барои ин 10 миллион евро пардохт кардаанд.

Дар созишномаи ҳозираи байни туриниҳо ва "Атлетико" банди барқароркунии ҳуқуқҳо мавҷуд аст, аммо "Ювентус" мехоҳад футболбозро боз як соли дигар дар иҷора нигоҳ дорад. Дар мавсими ҷорӣ Мората 28 бозӣ гузаронида, 13 гол зада, 10 партофти головар анҷом додааст.