«Хуҷанд» мавсимро бо пирӯзӣ оғоз кард

«Хуҷанд» мавсимро бо пирӯзӣ оғоз кард

Дар бозии аввали худ КМВА дар майдонаш тими “Хуҷанд”-и Хуҷандро қабул намуд. То нимаи қисми аввали дидор соҳибони майдон дар баробари ҳарифон ҳуҷумҳои пайдарпай созмон доданд. Аммо ҳамлавари меҳмонон Андрей Сидоров қабл аз танаффус ба задани гол даст ёфта, тимашро ба пеш баровард. Дар қисми дуюми рақобат аниқтараш дар дақиқаи 63-юм бозингари дигари дастаи “Хуҷанд” - Хуршед Бекназаров як бори дигар дарвозаи “артишиҳо”-ро рахна сохта, таносубро дуболо сохт. Бо вуҷуди 10 нафара бозӣ кардан соҳибони майдон дар дақиқаи 76-ум ба як голи меҳмонон ҷавоб гардониданд. Ин голро Шодибек Ғаффоров бо истфода аз зарбаи кунҷӣ ба ҳадаф расонид ва ҳисобро 2:1 намуд. Дар дақиқаҳои охири бозӣ футболбозони дастаи “Хуҷанд” аз ҳолати пеналтӣ ба задани голи сеюм даст ёфтанд. Ҳамин тариқ ноибқаҳрамони кишвар бошгоҳи “Ҳуҷанд” рақобати аввали худро дар Чемпионати имсолаи мамлкат бо ғалаба анҷом дод.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум.

КМВА – «Хуҷанд» – 1:3.

Голҳо: Андрей Сидоров, 45 (0:1). Хуршед Бекназаров, 63 (0:2). Шодибек Ғаффоров,76 (2:1). Манучеҳр Ахмедов, 90+2 пеналти (1:3).