Хушхабар! Беҳрӯз дар финали Гран При Тошканд

Хушхабар! Беҳрӯз дар финали Гран При Тошканд

Беҳрӯз Хоҷазода ҷудочии шинохтаи тоҷик баъд аз ду муваффақият ба даври ¼ ниҳоии Гран При Тошканд роҳ ёфт. Хоҷазода, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили Евгений Прокопчуки рус оғоз кард. Дар ин набард Беҳрӯз рақибро аз сари роҳаш дур карда, ба даври сеюм роҳ ёфт. Дар даври сеюм Эрик Ҳеми бритониро шикаст дод. Ҳамин тавр Беҳрӯз дар даври ¼ ниҳоӣ бо ҷудочии қазоқ Жансей Смагулов рақобат намуда, ҳарифро аз идомаи сабқатҳо маҳрум кард. Беҳрӯз дар даври нимниҳоӣ ҷудочии Шведсия – Томми Масиасро мағлуб намуда, ба финал роҳ ёфт. Акнун Беҳрӯз Хоҷазода дар даври ниҳоӣ бо мизбони ин мусобиқаи Тураев Ҳикматуллоҳ рақобат мекунад. Мо шуморо дар хабарҳои минбаъда аз натиҷаи ҷудочиёни тоҷик дар Гран При Тошканд, хабардор хоҳем кард.