Коронавирус ба Роналду ва ҳамдастагонаш таҳдид мекунад

Коронавирус ба Роналду ва ҳамдастагонаш таҳдид мекунад

Эҳтимол аст, ки аксари бозиҳои даври 26-уми Серияи А бар асари бемории коронавирус бидуни мухлис баргузор шаванд. Дар ин бора вазири сиёсати ҷавонон ва варзиши Италия иттилоъ додааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки барои бехатарии бозигарон ва мухлисон бозии «Ювентус» – «Интер» (1 март) бидуни мухлис доир мешавад.

Бозиҳое, ки бидуни мухлис доир мешаванд:

«Удинезе» – «Фиорентина» (29 феврал)

«Ювентус» – «Интер» (1 март)

«Милан» – «Ҷеноа» (1 март)

«Сассуоло» – «Брешия»

«Парма» – СПАЛ (1 март)

«Сампдория» – «Верона» (2 марта).

Ёдовар мешавем, ки қаблан бозиҳои даври 25-уми Серияи А бар асари ин бемории шум лағв шуда буданд.