Леброн Ҷеймс дар бозии охирини “Лейкерс” трипл-дабл ба номаш мӯҳр зад

Леброн Ҷеймс дар бозии охирини “Лейкерс” трипл-дабл  ба номаш мӯҳр зад

Ҳамлавар ва пешвои «Лос-Анҷелес Лейкерс» Леброн Ҷеймс дар бозии чемпионати даврии Ассосиатсияи миллии баскетбол (АМБ) бо «Ню-Орлеан Пеликанс» рӯи паркет баромада, дастааш бо ҳисоби 124:108 пирӯзӣ ба даст овард.

АМБ – чемпионати даврӣ

15-уми апрели соли 2024, душанбе. 00:30 ДШБ

Ню-Орлеан Пеликанс 108 : 124 Лос-Анҷелес Лейкерс

Ню-Орлеан Пеликанс: Макколлум - 25, Ҷонс - 18, Ингрэм - 13, Нэнс - 13, Уилямсон - 12, Мёрфи - 11, Алварадо - 10, Дэниэлс - 2, Валанчюнас - 2, Робинсон-Эрл - 2, Маршалл, Хоукинс, Лидделл, Райан, Зеллер

Лос-Анҷелес Лейкерс: Дэвис - 30, Ҷеймс - 28, Ривз - 20, Расселл - 19, Хатимура - 11, Принс - 9, Динвидди - 7, Мэйс, Реддиш, Винсент, Кристи, Хэйс, Каслтон, Ҷайлс, Люис

Ҷеймс дар навбати худ дар рӯи паркет 38 дақиқа гузаронида, дар умум 28 хол (11 аз 20 аз бозӣ, 6 аз 6 — аз нуқтаи ҷаримавӣ), 17 амали натиҷабахш, ва 11 бозёфт ба омор гирифт. Нишондоди умумии бозигар дар ин рақобат «+19»-ро ташкил дода буд.

Мавсими ҷорӣ баскетболбози 39-сола дар 71 бозӣ иштирок намуда, ба ҳисоби миёна 25,7 хол, 8,3 амали натиҷабахш ва 7,3 бозёфт ба номаш ихтисос додааст.