“Ливерпул” ва “Милан” қариб таърихро такрор мекарданд

“Ливерпул” ва “Милан” қариб таърихро такрор мекарданд

Дар мавсими имсолаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо яке аз гурӯҳҳои бисёр қавӣ ин гурӯҳи “В”-и мусобиқот маҳсуб мешавад, ки дар он дастаҳои “Ливерпул”, “Милан”, “Атлетико” ва “Порту” ҷойгиранд. Дар бозии даври аввали гурӯҳи мазкур дастаи “Ливерпул” дар майдони худ тими “Милан”-ро пешвоз гирифт. Набарди дастаҳо шадид ҷараён гирифт ва қариб буд, ки дар ин дидор таърих такрор меёфт.

“Ливерпул” ва “Милан” дар финали Лигаи қаҳрамонҳо, дар мавсими солҳои 2004-2005 рақиби ҳам буданд ва дар ин дидор дастаҳо рақобати шадид нишон дода, вақти асосии бозиро бо ҳисоби 3:3 анҷом дода буданд. Ин бозӣ то дер боз аз ёди мухлисон зудуда нахоҳад шуд ва бе шак, яке аз ҷолибтарин бозиҳо дар таърихи мусобиқоти мазкур мебошад.

Ин навбат дастаҳо дар майдони “Энфилд”-и Англия рӯ ба рӯ шуданд. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 9-ум бо худголи футболбози дастаи “Милан” – Фикайо Томори боз карда шуд. Дар дақиқаи 14-ум мизбонон имкони афзун кардани ҳисобро доштанд, вале ҳамлагари мисрии даста – Муҳаммад Салоҳ пеналтиро ба гол анҷом дода натавонист. Дар дақиқаҳои 42-юм ва 44-уми нерусанҷӣ, меҳмонон бо голҳои задаи Анти Ребич ва Браҳим Диас дар ҳисоб ба пеш баромаданд. Нимаи якуми дидор бо натиҷаи 1:2 ба фоидаи шогирдони Стефано Пиоли поён ёфт.

“Ливерпул” қисми дуюми вохӯриро бо гол оғоз намуд. Ҳамлагари даста Муҳаммад Салоҳ аз партофти Ориги истифода бурда, ба голи дуюми меҳмонон ҷавоб гардонд. Шогирдони Юрген Клопп дар идома бозии ҳуҷумкор нишон доданд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 69-уми майдондорӣ сарвони даста – Ҷордан Ҳендерсон ба дарвозаи “Милан” гол зада, маротибаи дуюм “Ливерпул”-ро пешсаф кард. Футболбозони меҳмон бо вуҷуди кӯшишу талошҳои зиёд дигар ба задани гол муваффақ нашуданд ва бозӣ бо натиҷаи 3:2 бо ғалабаи “Ливерпул” анҷом пазируфт. Баъди ин пирӯзӣ, “мерсисайдиҳо” се хол ба даст оварда, зинаи аввали гурӯҳи “В”-ро ишғол намуданд. Дастаи “Милан” бо доштани сифр имтиёз мавқеи охирини гурӯҳро касб кардааст.