«Локомотив-Помир» аз минтақаи хатарнок берун мешавад

«Локомотив-Помир» аз минтақаи хатарнок берун мешавад

Дар доираи даври 16-уми Лигаи Олии футболи мамлакат тими "Локомотив-Помир" бо дастаи КМВА дар Варзишгоҳи "Нефтяник"-и ноҳияи Рӯдакӣ бозии худро баргузор намуданд. Рақобати дастаҳо ҷолибу диданӣ сурат гирифта, бо ҳисоби 3:2 ба нафъи "Локомотив-Помир" анҷом пазируфт. Голҳои дастаи "Локомотив-Помир"-ро дар дақиқаҳои 56-ум Азизбек Ҳасанов, 60-ум Озодбек Панҷиев ва 87-ум Манучеҳр Сафаров ба самар расониданд. Голҳои КМВА-ро дар дақиқаи 31-ум Шервони Мабадшоев ва дар дақиқаи 69-ум Шодибек Ғаффоров ба номи худ мӯҳр заданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Локомотив-Помир» – КМВА – 3:2

Голҳо: Шервони Мабатшоев, 31 –пеналти (0:1). Азизбек Ҳасанов, 56 (1:1). Озодбек Панҷиев, 60 (1:2). Шодибек Ғаффоров, 69 (2:2). Манучеҳр Сафаров, 87 (3:2).