Малком сабаби рафтанашро аз "Барселона" гуфт

Малком сабаби рафтанашро аз "Барселона" гуфт

Ҳамлавари бошгоҳи футболи “Зенит” Малком дар мусоҳибаи маҷаллаи машҳури испании Marca қайд намудааст, ки қарори ӯ барои тарк намудани "Барселона” хеле осон ба даст омад.

-  Чаро шумо ба “Зенит” омадед?

-  Се чор дастае буд, ки барои харидории ман мубориза мебурданд, аммо ман бошам дастаи “Зенит”-ро интихоб кардам. Футболбозони бразилӣ дар ин даста қарор дорад ва онҳо дар инҷо таърих месозанд ва ман низ хостам, ки яке аз таърихсозони ин бошгоҳ гардам. Дар ин даста ҳамаи мухлисон маро ҳурмат ва эҳтиром мекунанд. Ин пешниҳод барои ман ба осонӣ ба даст омад.

-  Шумо дар Бразилия, Фаронса, Испания ва акнун дар Россия бозӣ мекунед, инҷо фарқият дар чист?

-  Дар Бразилия футбол мухлисонро ба худ мафтуну шайдо намудааст. Дар Фаронса низ. Дар Испания футбол ба мухлисон писанд аст. Дар Россия бошад, баъд аз Ҷоми ҷаҳон меҳри мухлисон ба ин намуд бештар гардидааст. Ин ба ман писанд аст.

Бразилии 22 сола моҳи августи соли 2019 аз “Барса” ба ҳайати бошгоҳи русӣ пайваст гардида буд.

Дар мавсими ҷории ПЛР Малком ду бозӣ анҷом додааст.