Сомон барандаи нишони нуқраи “Asia-Oceania Senior Championships”

Сомон барандаи нишони нуқраи “Asia-Oceania Senior Championships”

Дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек мусобиқаи Чемпионати Осиё-Уқёнусия (Asia-Oceania Senior Championships) дар ҳоли баргузорист, ки дар рӯзи дуюми мусобиқаи зикршуда, ҷудочии соҳибноми кишвар - Сомон Маҳмадбеков-73кг, кишвари моро намояндагӣ мекунад. Нахустин шуда, варзишгари шинохтаи кишвар Сомон Маҳмадбеков-73кг рӯи татамӣ баромад. Дар даври аввал ӯ бо намояндаи Яман - Айяш Аҳмад рақобат намуда, дар ин нерусанҷӣ Сомон Маҳмадбеков пирӯз шуд ва ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар марҳилаи мазкур Сомони қавипанҷа аз сари роҳаш Муҳаммадӣ Муҳаммад аз кишвари Эронро дур карда, ба марҳилаи ½ ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар нимфинал Маҳмадбеков бо барандаи медали тиллои Tunis Grand Prix 2018 - Жансай Смагулови қазоқ неру санҷид. Дар ин дидор паҳлавони мо аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибро аз сари роҳаш дур карда, ба финал роҳ ёфт. Акнун барои садо додани Суруди Миллии кишвар Сомон Маҳмадбеков бо ду карат қаҳрамони ҷаҳон, ду бор барандаи нишони тиллои Grand Slam ва Чемпиони Doha Masters 2021, намояндаи кишвари Кореяи Ҷанубӣ – Ан Чангрим рақобат намуд. Дар ин майдондории сахту сангин Сомон ҳарчанд барои мағлуб намудани рақиб талош варзид, вале таҷрибаи Ан Чангрим боис шуду ӯ дар ин вазн беҳтарин гардид. Ҳамин тавр Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи мазкур сазовори медали нуқра гардид. Хотиррасон бояд шуд, ки ин чорумин нишони нуқраи мусобиқаи мазкур ба шумор меравад, чаро ки қаблан Парвиз Собиров-90кг (Asian Championships Seniors 2012), Комроншоҳи Устопириён -90кг (Asian-Pacific Championships Seniors and Teams 2019) ва Темур Раҳимов +100кг (Asian-Pacific Championships Seniors and Teams 2019) ба ин натиҷа даст ёфта буданд.