Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) имрӯз, 7-уми апрел рейтинги нави худро мунташир сохт, ки тибқи он мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро иваз карда, бо касби 1151.1 имтиёз ба зинаи 121-ум фаромад. Дар байни кишварҳои Осиё бошад, аз ҳама натиҷаи беҳтарро мунтахаби Ҷопон дорад, ки бо касби 1509.34 хол дар зинаи 28-уми раддабандӣ қарор дорад. Дар рейтинги КФО бошад, мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 22-юм ҷой дорад. Дар феҳристи раддабандии ҷадиди ФИФА кишвари Белгия бо 1783.38 имтиёз дар зинаи якум, Фаронса бо 1757.3 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Бразилия 1742.65 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Топ-10 рейтинги ФИФА дар айни ҳол ба таври зайл аст:

1. Белгия (1783.38)

2. Фаронса (1757.3)

3. Бразилия (1742.65)

4. Англия (1686.78)

5. Португалия (1666.12)

6. Испания (1648.13)

7. Италия (1642.06)

8. Аргентина (1641.95)

9. Уругвай (1639.08)

10. Дания (1631.55)

121. Тоҷикистон (1151.1).