Меҳмони ногувор боз аз “Боруссия” Дортмунд имтиёз гирифт

Меҳмони ногувор боз аз “Боруссия” Дортмунд имтиёз гирифт

Дар доираи бозиҳои даври 16-уми Бундеслигаи Олмон дастаи “Боруссия” Дортмунд дар майдони худ “Майнс”-ро қабул кард. Рақобати онҳо мусовӣ 1:1 хотима ёфт. Ҳарчанд мизбонон дар умум бартарии зиёд доштанд, вале дар қисми якуми бозӣ гол зада натавонистанд. Бо дарназардошти натиҷаи хуби “занбӯрҳо” дар қисми, ки аз 31 гол дар ин мавсим 26-тоашро дар нимаи дуюм задаанд ҳамагон интизор доштанд, ки шогирдони Эдин Терзич дар қисми дуюм фишорро зиёд карда натиҷаи матлубро соҳиб мешаванд. Аммо онҳо дар дақиқаи 57-ум баъд аз зарбаи қавии Левин Этстуналӣ ба дарвозаи худ гол сар доданд. Бо гузора шудани 16 дақиқа Тома Менйе голи ҷавобиро зад. Худи ҳамин футболбоз 2 дақиқа пас пеналти кор кард, лекин сарвони даста Марко Ройс зарбаи 11 метраро хато зад. То анҷоми бозӣ дигар натиҷа тағйир наёфт ва дастаи “Майнс”, ки яке аз дастаҳои камбаҳои мусобиқа аст ба таври ҳайратовар дар сафар аз “Дортмунд” имтиёз ситонд. Албатта натиҷаҳои мусбӣ дар бозиҳои охир бо “Боруссия” барои “Майнс” чизи нав нест. Агар онҳо дар 11 бозии аввали худ дар майдони “Сигнал Идуна Парк” соҳиби 4 хол шуда бошанд, пас дар 4 бозии охир 7 имтиёз ба даст оварда, барои мизбонон ба дастаи ногувор табдил ёфтанд.
“Занбӯрҳо” бо касби 1 имтиёз боз ба зинаи қаблии 4-уми худ баргашт.

Чемпионати Олмон 2020/21, Даври 16-ум

«Боруссия Д» – «Майнтс» – 1:1

Голҳо: Мене, 73 – Озтунали, 57