Месси оиди рақобати худ бо Роналду ҳарф зад

Месси оиди рақобати худ бо Роналду ҳарф зад

Ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси оиди рақобати худ бо ҳамлагари “Ювентус” Криштиану Роналду фикру ақидаи худро баён кард.

“Ин рақобати вижае аст, ки то абад ба хотири ҳама нақш хоҳад баст, зеро солҳои дароз давом карда истодааст. Албатта, чанд сол дар ин сатҳ мондан мушкил буд. Ба ғайр аз ин, дастаҳое, ки мо дар онҳо бозӣ мекардем ва ҳоло ҳам бозӣ мекунем, талаботашон нисбати дигар дастаҳо зиёдтар аст. “Реал” ва “Барселона” – ду дастаи беҳтарини ҷаҳон мебошанд.

Рақобати варзишӣ байни мо, шахсан барои ман хело писанд аст. Фикр мекунам, ки мардум низ аз он ҳаловат мебаранд. Ин новобаста аз он, ки онҳо мухлиси “Реал” ва “Барселона” ва ё мухлиси дастаи дигаранд.

Ин ҳақиқат аст, ки вақте Криштиану дар “Реал” буд, Эл-класико ҷолибтар буд. Бозиҳо бо “Реал” ҳамеша муҳиманд, аммо бо Роналду онҳо ранги дигар доштанд. Аммо ҳамаи ин дар гузашта аст. Мо бояд ба пеш нигоҳ кунем”, - иқтибос меорад нашрияти Goal аз гуфтаҳои Месси.