Месси ё Роналду, кӣ маоши баланд мегирад?

Месси ё Роналду, кӣ маоши баланд мегирад?

Маҷаллаи машҳури Forbes рӯйхати футболбозонеро, ки дар соли 2020 аз ҳама музди маоши баланд мегиранд, мунташир кард. Forbes дар зинаи аввали ин рӯйхат ҳамлавари аргентинии “Барселона” - Лео Мессиро ҷой додааст. Месси дар соли 2020 ҳамагӣ 126 млн евро музди маош ба даст овардааст. Дар ҷои дуюм Роналду (117 млн) ва дар зинаи сеюм Неймар (96 млн) қарор доранд.

Рӯйхати топ-10 ба таври зайл аст:

1. Лионел Месси («Барселона», $ 126 млн)

2. Криштиану Роналду («Ювентус», $ 117 млн)

3. Неймар («ПСЖ», $ 96 млн)

4. Килиан Мбаппе («ПСЖ», $ 42 млн)

5. Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул», $ 37 млн)

6. Пол Погба («Манчестер Юнайтед», $ 34 млн)

7. Антуан Гризманн («Барселона», $ 33 млн)

8. Гарет Бэйл («Реал», $ 29 млн)

9. Роберт Левандовски («Бавария», $ 28 млн)

10. Давид де Хеа («Манчестер Юнайтед», $ 27 млн).