Мубин Эргашев: “Дар Ҷоми Осиё-2024 мо шомили гурӯҳи пурқувватем”

Мубин Эргашев: “Дар Ҷоми Осиё-2024 мо шомили гурӯҳи пурқувватем”

Сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев интизориҳои худро аз Ҷоми Осиё-2024, ки дар он тими мо дар гурӯҳи «С» баромад мекунад, иброз дошт. Рақибони дастаи Тоҷикистон тимҳои Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайланд (22 апрел) мебошанд.

Мубин ЭРГАШЕВ, сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23):

– Мо хурсандем, ки инҷо мебошем. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои дувумин бор дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад. Рақибони мо дар гурӯҳ қавӣ ҳастанд. Бигзор дастаи беҳтарин пирӯз шавад.

Ҳангоми омодагӣ ба Ҷоми Осиё душвориҳое ҳам доштем. Бархе аз бозигарон ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҷалб шуда буданд, баъзеи дигар ҷароҳат бардоштанд, аммо дар маҷмуъ мо ба мусобиқа хуб омодагӣ дидем. Рақобати пагоҳина нишон медиҳад, ки мо то чӣ андоза тайёрем.