Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) муқобили дастаи Арабистони Саудӣ бо либоси сафед бозӣ мекунад

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) муқобили дастаи Арабистони Саудӣ бо либоси сафед бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 дар чаҳоргонаи «С» муқобили тими Арабистони Саудӣ бо либоси сафед бозӣ мекунад.

15-уми апрел дар остонаи оғози мусобиқоти Ҷоми Осиё-2024 миёни ҷавонони то 23-сола дар Варзишгоҳи байналмилалии Халифаи Давҳа ҷаласа баргузор шуд, ки дар он ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки дар рақобат бо тими Арабистони Саудӣ меҳмони номиналӣ мебошад, бо либоси сафед вориди майдон мешавад. Дастаи Арабистони Саудӣ бо либосҳои сабз бозӣ хоҳад кард.

Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ рӯзи 16 апрел дар Варзишгоҳи байналмилалии Халифаи Давҳа баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.