Мунтахаби Тоҷикистон нахустин тамрини хешро дар Куала-Лумпур доир кард

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин тамрини хешро дар Куала-Лумпур доир кард

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 6-уми ноябр барои анҷом додани бозии дӯстона ба шаҳри Куала-Лумпури кишвари Малайзия сафар намуда буд, нахустин тамринҳои хешро баргузор кард. Дар ҳайати тими миллии кишвар айни ҳол 20 футболбоз тамрин мекунад. Чӣ тавре, ки мо қаблан иттилоъ дода будем, се нафар аз футболбози тими мунтахаби Тоҷикистон, ки барои ширкат дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 муқобили Мянмар (14 ноябр) ва Қирғизистон (19 ноябр) даъват шудааст, дар бозӣ бо Малайзия иштирок намеварзанд. Инҳо Хуршед Бекназаров аз дастаи («ПС ТИРА», Индонезия), Фарҳод Восиев («Нефтехимик», Россия) ва Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория) мебошанд. Сабаб дар он аст, ки бозии дӯстона бо Малайзия дар рӯзи баргузории бозиҳои байналмилалии FIFA нест. Тавре ФФТ хабар медиҳад футболозон рӯзи 11-уми октябр ба дастаи мунтахаб ҳзамроҳ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстонаи мунтахабҳои Малайзия ва Тоҷикистон санаи 9-уми ноябр соати 17:45 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.