Мураббии маъруфи итолиёвӣ Неймарро танқид кард

Мураббии маъруфи итолиёвӣ  Неймарро танқид кард

Мураббии маъруфи итолиёвӣ Фабио Капелло пирӯзии “Манчестер Сити”-ро бар “Пари Сен-Жермен” дар даври ниманиҳоии Лигаи чемпионҳо шарҳ дод.

"Бозигарони “Манчестер Сити” дар мавсими имсола хуб ҳимоя мекунанд ва ба якдигар кӯмак мерасонанд. Ин як дастаи олӣ аст. Имрӯз Фернандинйо яке аз бозигарони асосӣ буд, вай ҳамаро боздошт. Ин иқдоми олиҷаноби Гвардиола буд. Неймар? Ман умедвор будам, ки ӯ коре карда метавонад. Умед доштам, ки вай метавонад калиди асосӣ бошад. Ӯ зарбаҳои бефоида бисёр зад. Вай пешво набуд. Роҳбар дастаро ба натиҷа мерасонад. Вай дар майдон аз ҳад зиёд гап мезанад”, - иқтибос меорад Football Italia аз суханони Фабио Капелло.