Мусобиқаи бозиҳои миллии варзишӣ дар Темурмалик

Мусобиқаи бозиҳои миллии варзишӣ дар Темурмалик

Дар назди варзишгоҳи ноҳияи Темурмалик марҳилаи аввали фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо иштироки даҳҳо нафар наврасону ҷавонон баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки иқдоми мазкур бо ибтикори кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии роҳбарияти федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марҳила ба марҳӣла ҷараён мегирад ва намунаи беҳтарини бозиҳои намоиши ва ғолибону мусобиқаҳои миллӣ ба давраҳои баъдӣ роҳ меёбанд.

Таъкид шуд, ки бо мақсади эҳё, рушд ва амалии бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, чунин фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар марҳилаи аввал дар ҳамаи кӯчаву маҳалла ва ҷамоату деҳоти ноҳияи Темурмалик баргузор карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи фестивали мазкур ҳамчунин мусобиқаи гӯштини миллӣ ва мусобиқаи шоҳмот дар дигар толору майдончаҳои варзишии ноҳия идома меёбанд. Ғолибон ва беҳтарин варзишгарон дар фарҷом аз ҷонби кумитаи тадорукот бо медалу ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда мешаванд.