Мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои шашка ва шоҳмот

Мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои шашка ва шоҳмот

Мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои шашка ва шоҳмот байни наврасону ҷавонон бахшида ба таҷлили «30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш бар зидди нашъамандӣ ва тарғибгари тарзи ҳаёти солим!» бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 нафар варзишгар, 6 даста ва беш аз 300 нафар тамошобин ширкат варзиданд. Мусобиқаҳо байни бонувону наврасон аз рӯи системаи швейтсарӣ доир карда шуданд.

Дар мусобиқаи шашка ҷойи аввалро миёни писарон Азизов Ёқубҷон, ҷойи дуюмро Саидзода Умар ва ҷойи сеюмро Достиев Алиҷон ишғол намуданд. Дар ин намуди варзиш дар байни духтарон Сафарова Сабоҳат мақоми аввал, Мирзоева Марям зинаи дуюм ва Амирхонова Аниса ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.

Дар сабқати шоҳмот байни писарон ба гирифтани ҷойи аввал Ҷалолиддин Илҳомӣ, мақоми дуюм Ҳамроев Усмон ва мақоми сеюм Наимов Давид мушарраф гардиданд. Дар мусобиқаи шоҳмот байни духтарон бошад, мақомҳои ғолибиятро Шарипова Наргис ҷойи аввал, Зафари Шукрона чойи дуюм ва Олимшоева Аниса зинаи сеюмро ба даст оварданд.

Дар чорабинии шашка ва шоҳмот ҷойи аввалро дастаи «Динамо», ҷойи дуюмро дастаи Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии (МД ММВЗО) №7 шаҳри Душанбе, ҷойи сеюмро Муассисаи давлатии «Таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур» ишғол намуданд.