Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Бо мақсади тарғибу ташфиқи тарзи ҳаёти солим ва намуди варзиши шиноварӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ байни наврасон (писарон ва духтарон) доир намуд.

Мусобиқаи мазкур санаи 27 – 29 марти соли 2020 байни наврасони солҳои таваллуди 2006 ва хурд бо иштироки зиёда аз 80 варзишгар дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар мусобиқа варзишгарони минтақаҳо, ки дар марҳилаи интихобии дуюми мусобиқа байни наврасони соли таваллуди соли 2006 ва хурд дар сатҳи минтақа, вилоят ва шаҳри Душанбе ғолиб гардиданд, ки иштирок намуданд.

Дастаҳои иштирокчӣ:

- Душанбе – 1              1 даста

- Душанбе – 2              1 даста

- Душанбе – 3              1 даста

- Хатлон – 1                 1 даста (минтақаи Қурғонтеппа)

- Хатлон – 2                 1 даста (минтақаи Кӯлоб)

- Суғд – 1                     1 даста

- Суғд – 2                     1 даста

Дар охир ба ғолибони мусобиқа диплому медалҳо аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Маркази матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.