Мусобиқаи волейбол дар СХДО

Мусобиқаи волейбол дар СХДО

Бахшида ба ҷашни Иди касбии кормандони милитсия дар майдончаи варзишии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи Сарраёсат оид ба волейбол дар байни ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе баргузор гардид. Дар мусобиқа 12 дастаи волейболбозон аз ҷузъу томҳои СХДО ВКД фаълона иштирок намуданд. Тайёрии хуби варзишгарон ба мусобиқа буд, ки бозии байни дастаҳо хеле ҷолиб ҷараён гирифта, ба тамошобинони мусобиқа шодию ҳаловати зиёд бахшид.

Доварони мусобиқа, аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тайёрӣ ва маҳорати хуби волейболбозон, инчунин ба ҷо овардани ҳурмати байниякдигарии онҳо дар мавридҳои баҳси варзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба рафти мусобиқа холисона ва хели ҷиддӣ доварӣ намуданд.

Мусобиқаи волейбол дар СХДО ВКД ду рӯз давом намуд. Дар комёбиҳои умумидаставӣ ҷойи якумро дастаи қисми мустақили 17-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор, ҷойи дуюмро дастаи қисми мустақили 13-уми ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳри Турсунзода ва ҷойи сеюмро дастаи курсантони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникӣ-оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ишғол намуда, бо Ҷоми СХДО ВКД ва диплом мукофотонида шуданд. Инчунин барои омодагӣ ва иштироки фаъолона дар баргузории мусобиқа мураббии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» капитани хизмати дохилӣ Бахтиҷамолзода Сабур, дастаи ҚМ 14-уми ҲХДО оид ба муҳфизати шаҳри Ваҳдат ва дастаи ҚМ 15-уми ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Манбаъ:https://vkd.tj