Нисикори дар даври дуюми ATP Internazionali BNL d'Italia

Нисикори  дар даври дуюми ATP Internazionali BNL d'Italia

Пас аз анҷоми Чемпионати кушоди Амрико оид ба теннис як қатор теннисбозони шинохтаи сайёра аз қабили Кей Нисикори, Адрей Рублёв, Денис Шаповалов, Рафаэл Надал, Новак Ҷокович ва чандин тани дигар барои иштирок дар мусобиқаи тенниси Рим ба Италия сафар намуданд. Теннисбози муввафақи Болгария - Григор Дмитров даври аввалро бо муваффақият ҷамъбаст намуд.

Кэй Нисикори теннисбози муваффақи ҷопонӣ даври аввали мусобиқаи тенниси Римро бо пирӯзӣ пушти сар намуд. Нисикори дар нерусанҷии даври якуми мусобиқа дар ду сет бо ҳисоби 6:4 ва 7:6 намояндаи Испания - Алберт Рамосро шикаст дод. Рақобати варзишгарон дар корт 2 соату 4 дақиқа идома намуд. Акнун барои роҳ ёфтан ба даври сеюм   Нисикори бо ғолиби ҷуфти Сетен Вавринка ва Лорентсо Музетти дидор мекунад.