Норозигии Усэйн Болт аз давандаҳои муосир

Норозигии Усэйн Болт аз давандаҳои муосир

Давандаи афсонавии ямайкагӣ - Усейн Болт изҳор дошт, ки давандаҳои муосир ба шарофати пешрафти технологияи дӯзандагии пойафзол бартарии ноодилона ба даст оварданд.

«Вақте, ки дар ин бора ба ман гуфтанд, ман бовар намекардам, ки мо то ба ҳад расидаем. Мо дарвоқеъ пойафзолҳоро то он дараҷае танзим карда истодаем, ки акнун варзишгарон метавонанд боз ҳам тезтар даванд. Ин барои бисёре аз варзишгарон аҷиб ва беадолатона аст, зеро ман медонам, ки ширкатҳои пойафзол кӯшиш мекарданд пойафзолҳоро ба таври муосир ва бо усули нав танзим кунанд», — мегуяд Болт.

Усэйн Болт қаҳрамони ҳашткаратаи олимпӣ, қаҳрамони 11 каратаи ҷаҳон мебошад. Дар давоми намоишҳояш ӯ ҳашт рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Ҳоло ӯ дорандаи рекордҳои ҷаҳонӣ дар давидан ба масофаҳои 100 ва 200 метр: мутаносибан 9,58 ва 19,19 сония, инчунин дар эстафетаи 4 × 100 метр бо тими миллии Ямайка: 36,84 сония мебошад.