Осимхон «Наполи»-ро аз бохт наҷот дод

Осимхон «Наполи»-ро аз бохт наҷот дод

Бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо ба анҷом расиданд. Дар майдони “Кинг Пауэр Стадиум” дастаи “Лестер”-и Англия тими “Наполи”-и Италияро қабул кард. Мизбонон бозиро хеле боваринок оғоз намуданд ва дар дақиқаи 9-ум ба Айосе Перес даст дод, ки ҳисоби бозиро кушояд. Дар қисми дуюм аниқтараш дар даиқаи 64-ум Харви Барнс пешсафии бошгоҳи англисиро дуболо намуд. 25 дақиқаи охири бозӣ куллан ба манфиати меҳмонон буд. Виктор Осимхон дар дақиқаи 69-ум голзанӣ намуда, ҳисоби бозиро 2:1 намуд. 3 дақиқа мондан то интиҳои бозӣ Осимхон як маротибаи дигар гол зада, ба номи худ дублро мӯҳр  зад. Дар дақиқаҳои изофагӣ довар ба ҳимоятгари “Лестер” - Уилфред Ндиди корти сурх нишон дод. Ҳамин гуна аввалин вохӯрии ин ду даста дар Лигаи Аврупо бо ҳисоби мусовӣӣ 2:2 анҷом ёфт. 

Лигаи Аврупо. Марҳилаи гурӯҳӣ

Гурӯҳи C

«Лестер» — «Наполи» — 2:2 (1:0)

Голҳо: Перес, 9 (1:0). Барнс, 64 (2:0). Осимхон, 69 (2:1). Осимхон, 87 (2:2).