Парвизҷон Умарбоев бо дастааш қаҳрамон шуд

Парвизҷон Умарбоев бо дастааш қаҳрамон шуд

Дастаи «Локомотив» (Пловдив), ки дар он ситораи футболи тоҷик Парвизҷон Умарбоев   ҳунарнамоӣ мекунд, соли дуюм пайиҳам барандаи Ҷоми Бурғористон гардид. Ҳамакнун ин дста дар мависми оянда дар марҳилаи муқаддамотии Лигаи Аврупо ширкат меварзад.

Дар доираи даври ниҳоии Ҷоми Булғористон   дастаҳои   ССКА ва «Локомотив»   дар варзишгоҳи “Васил Левски”-и шаҳри София рақобат намуданд.   Ёдовар мешавем, ки футболбози тоҷик Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати «Локомотив» ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳам дар вақти асосӣ ва ҳам дар иловагӣ футболбозони ҳарду тим ба задани гол даст намёфтанд. Дар задани силсилазарбаҳои 11 метра бошад, ҳамдастагони Умарбоев маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби 5:3 пирӯзӣ ба даст оварданд. Ҳамин тавр «Локомотив» бори дуюм ва пайиҳам ғолиби Ҷоми Булғористон гашта, роҳхати марҳилаи муқаддамотии Лигаи Аврупоро ба даст овард.