Пас аз 20 сол “Нюкасл” ба ЛЧ роҳ ёфт. Оё Роналду ба “Нюкасл” меояд?

Пас аз 20 сол “Нюкасл” ба ЛЧ роҳ ёфт. Оё Роналду ба “Нюкасл” меояд?

Дар доираи бозиҳои даври 37-уми чемпионати Англия  дастаҳои “Нюкасл” ва “Лестер”  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Сент-Ҷеймс Парк”-и шаҳри Нюкасл дар ҳузури 52 152 нафар мухлис  доир шуда, бо ҳисоби мусовии 0 бар  0 хотима ёфт.

Пас аз мусовӣ дар ин бозӣ футболбозони дастаи “Нюкасл” шумораи имтиёзҳояшонро дар ҷадвали мусобиқот ба 70 адад расонида, пеш аз муҳлат роҳхати иштирок дар бозиҳои гурӯҳии Лигаи Чемпионҳоро барои мавсими нав соҳиб гардиданд.

Ҳамин тавр, бошгоҳи "Нюкасл" бори аввал дар 20 соли охир дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад.

Саволи асоси ин ҷост, ки оё Криштиану Роналду тобистон ба ҳайати “Нюкасл” гузариш мекунад? Агар дар хотир дошта бошед, дар яке аз пунктҳои шартномаи Роналду бо дастаи “Ал-Наср” омодааст, ки агар “Нюкасл” ба Лигаи Чемпионҳо роҳ ёбад пас Криштиану ба ҳайати  даста мепайвандад.

Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти дастаҳои “Нюкасл” ва “Ал-Наср” як нафар аст ва ин ба Роналду имкон медиҳад, ки ҳайати ин даста гузариш кунад.

ПЛА | Даври 37

«Нюкасл» – «Лестер» 0:0

«Нюкасл»: Поуп, Триппйер, Шер, Ботман, Берн, Лонгстафф, Гимарайнс, Андерсон (Мерфи 77), Алмирон (Гордон 88), Уилсон (Сен-Максимен 68), Исак

«Лестер»: Иверсен, Томас, Эванс (Дака 63), Суттар, Фас, Кастан, Сумаре, Тилеманс, Ндиди (Менди 89), Варди (Барнс 63), Ихеаначо (Маддисон 46)

Огоҳӣ гирифт: Гимарайнс, Исак