Пайрав Воҳидов: “Ман шодам, ки ба дарвозаамон гол сар надодем”

Пайрав Воҳидов: “Ман шодам, ки  ба дарвозаамон гол сар надодем”

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов натиҷаи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 бо тими миллии Кореяи Ҷанубиро шарҳ дод. Вохӯрӣ имрӯз, 18 апрел дар Бангкок баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт.

Пайрав ВОҲИДОВ, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон:

– Ғолибият дар бозии якум хеле муҳим аст. Вақте чунин мусобиқаи бузург мисли Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз мекунӣ, ин ба бозигарон боварӣ мебахшад. Имрӯз рақобати хеле душвор гузарондем. Кореяи Ҷанубӣ рақиби хуб аст, аммо имрӯз чизи асосӣ ин натиҷа аст. Мо ба хатоҳо роҳ додем, вале кӯшиш мекунем, ки дар вохӯриҳои минбаъда такрор накунем. Шодам, ки имрӯз мо дар ҳимоя боинтизом бозӣ намуда, ба дарвозаамон гол сар надодем.

Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюм тими футзали Тоҷикистон рӯзи 20-уми апрел бо тими миллии Қирғизистон бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии «Бангкок Арена» доир мешавад. Оғози рақобат ба вақти Душанбе соати 12:00 аст.