«Бачаи тиллоӣ»-и соли 2020 маълум шуд

«Бачаи тиллоӣ»-и соли 2020 маълум шуд

Форварди 20-солаи бошгоҳи «Боруссия»-и Дортмунд Эрлинг Ҳоланд ғолиби ҷоизаи «Golden Boy» дар соли 2020 гардид. Ин ҷоиза ҳамасола ба беҳтарин футболбози то 21-сола, ки дар яке аз лигаҳои олии аврупоӣ ҳунарнамоӣ мекунад, супорида мешавад. Дар ин бора нашрияи  Tuttosport, ки ташкилотчии ҳамин ҷоиза мебошад, хабар медиҳад. Зинаи дуюмро бошад, ҳамлавари ҷавони “Барселона” Ансу Фати ва ҷои сеюмро дифоъгари “Бавария” Алфонсо Дэвис аз худ намуданд.

Натиҷа овоздиҳии даҳгонаи беҳтарин ба таври зайл аст:

1.    Эрлинг Ҳоланд («Боруссия Дортмунд»)

2.    Ансу Фати («Барселона»)

3.    Алфонсо Дэвис («Бавария»)

4.    Ҷейдон Санчо («Боруссия Дортмунд»)

5.    Эдуардо Камавинга («Ренн»)

6.    Деян Кулусевски («Ювентус»)

7.    Фил Фоден («Манчестер Сити»)

8.    Доминик Собослаи («РБ Залсбург»)

9.    Букайо Сака («Арсенал»)

10.  Винисиус Ҷуниор («Реал Мадрид»)

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ин ҷоизаро ҳамлагари «Атлетико» - Жоау Феликс ба даст оварда буд.