«ПСЖ» ситораи «Ливерпул»-ро харидорӣ кард

«ПСЖ» ситораи «Ливерпул»-ро харидорӣ кард

Нимҳимоятгари дастаи “Ливерпул” Ҷорҷинйо Вейналдум ба дастаи “ПСЖ” гузариш кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии клуби шаҳри Париж. Шартномаи футболбоз бо дастаи фаронсавӣ то соли 2024 амал мекунад.

Қаблан маълум шуда буд, ки футболбози ҳолландӣ дар дастаи наваш дар як сол 10 миллион евро ба даст меорад. Пештар Вейналдум бо “Барселона” гуфтушӯнид намуда буд ва ҳатто гузариши ӯ ба Каталония хеле наздик буд. Аммо “ПСЖ” нисбати “Барса” ба бозигар маблағи бештар пешниҳод намуд, ки ин маблағ ӯро розӣ намуд, то ба Париж гузарад.