Раддабандии нави АТР мунташир шуд

Раддабандии нави АТР мунташир шуд

Ассотсиатсияи теннисбозони касбӣ (ATP) раддабандии навшудаи сабқатҳои инфиродиро нашр кард. Нафари пешсаф то ҳол варзишгари сербӣ Новак Ҷокович мебошад. Дар зинаи дуюм бошад Янник Синнери итолиявӣ қарор дошта,   Карлос Алкарас аз Испания мақомдори зинаи сеюм аст.

Раддабандии АТР аз 15-уми апрел:

1 (1). Новак Ҷокович (Сербия) — 10 035 хол;

2 (2). Янник Синнер (Италия) — 8750;

3 (3). Карлос Алкарас (Испания) — 8645;

4 (4). Даниил Медведев (Россия) — 7085;

5 (5). Александр Зверев (Олмон) — 5425;

6 (10). Каспер Рууд (Норвегия) — 4025;

7 (12). Стефанос Ситсипас (Юнон) — 3995;

8 (6). Андрей Рублев (Россия) — 3935;

9 (8). Хуберт Хуркач (Полша) — 3675;

10 (9). Григор Димитров (Булғористон) – 3640…