Расман: Ғайраталӣ Мираҳмадов – сармураббии нави “Равшан”-и Кӯлоб

Расман: Ғайраталӣ Мираҳмадов – сармураббии нави “Равшан”-и Кӯлоб

Бошгоҳи Лигаи якуми Тоҷикистон – “Равшан”-и Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмадовро ба ҳайси сармурабии даста таъйин кард, хабар дода мешавад дар саҳифаи расмии даста дар "Инстаграм". 

Дар мавсими гузашта роҳбарии дастаро Маъруф Рустамов бар дӯш дошт. Зери роҳбарии ӯ “Равшан” дар Лигаи якуми кишвар мавсимро дар зинаи 6-ум бо касби 49 имтиёз ба анҷом расонид. 

Хотиррасон мекунем, ки дар мавсими 2019 Ғайраталӣ Мираҳмадов ҳамчу сармураббии дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ фаъолият мекард.