Расман: «Хетафе» дифоъгари «Барса»-ро харидорӣ кард

Расман: «Хетафе» дифоъгари «Барса»-ро харидорӣ кард

Бошгоҳи “Барселона” дар сомонаи расмиаш хабар медиҳад, ки дифоъагар - Марк Кукуреларо дастаи “Хетафе” харидорӣ намудааст. Чӣ тавре, ки Хадамоти матбуоти даста хабар дод, “Хетафе” барои Кукурела ба “Барса” 10 млн евро пардохт намудааст.

Дифоъгари 21 солаи испанӣ соли 2012 дар ҳайати асосии “Барса” нахустин бор ба майдон ворид шудааст. Ин мавсим Кукурела ба ҳайси иҷора дар дастаи “Хетафе” бозӣ мекард. 31 вохӯрӣ баргузор карда, ба задани як гол ва шаш паси головар даст ёфтааст.