Расман: Шаҳром Самиев футболбози нави «Рубин»

Расман: Шаҳром Самиев футболбози нави «Рубин»

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамлавари 19 солаи тими мунтахаб ва бошгоҳи “Истиқлол” Шаҳром Самиев бо дастаи «Рубин»-и шаҳри Қазони Россия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Тибқи хабаргузории сарчашма, Шаҳром фаъолияташро дар дастаи ҷавонони «Рубин» идома медиҳад. Самиев бо пероҳанҳои тими мунтахаби кишвар шаш маротиба вориди майдон шуда, ба задани ду гол даст ёфтааст.