“Рома” ба даври нимниҳоии Лигаи Аврупо баромад!

“Рома” ба даври нимниҳоии Лигаи Аврупо баромад!

Дастаи “Рома" ба даври ниманиҳоии Лигаи Аврупо роҳ ёфт. Дастаи шаҳри Рим дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бар бошгоҳи “Милан” зафар ёфт. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Рим доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Ҳисобро дар вохӯрӣ мизбонон бо голи Ҷанлука Манчини дар дақиқаи 12-ум боз карданд. Бо гузаро шудани 10 дақиқа Пауло Дибала ҳисоби бозиро дуболо ба фоидаи тими шаҳри Рим кард. Дар дақиқаи 31-уми вохӯрӣ Зеки Челик аз ҳайати “Рома” корти сурх гирифт. Миланиҳо дар дақиқаи 85-ум ба задани гол даст ёфтанд. Голро Маттео Габбия ба самар расонид.

Бозии аввали дастаҳо дар шаҳри Милан бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи “Рома” анҷом ёфта буд. Аз натиҷаи бозии рафту баргашт “Рома” ба даври нимниҳоии Лигаи Аврупо роҳ ёфт ва онҷо бо “Байер”-и Леверкузен бозӣ мекунад. Бозии аввали дастаҳои рӯзи 2-юми май барпо мегардад.