Роналду муаллифи боз як дастоварди таърихӣ

Роналду муаллифи боз як дастоварди таърихӣ

Ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" Криштиану Роналду дар панҷ бозии мавсими ҷории Лигаи чемпионҳо муаллифи гол шуд. Ин дастоварди беназир дар байни ҳамаи футболбозони дастаҳои англисӣ дар таърих аст. Дар маҷмуъ, португалӣ дар панҷ бозӣ 6 гол задааст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз «Манчестер Юнайтед» дар меҳмонӣ бар «Вилярреал» (2:0) ғалаба карда, роҳхат ба плей-оффи Лигаи чемпионҳоро барояш кафолат дод.