Россия марҳилаи Гран-при ISU-ро дар мавсими -2023/2024 қабул намекунад

Россия марҳилаи Гран-при ISU-ро дар мавсими -2023/2024 қабул  намекунад

Иттиҳодияи байналмилалии конкитозон (ISU) дар сомонаи расмияш қарори ташкилотро аз рӯзи 16-уми январи соли 2023 нашр намуд.

Мутобиқи яке аз ин қарорҳо кишварҳои Россия ва Белоруссия ягон мусобиқа  таҳти сарпарастии  ISU-ро дар мавсими -2023/2024 қабул намекунанд.

Баргузории финали Гран-при ISU дар мавсими -2023/2024 рӯзҳои 7-10 декабри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Ғолибони мусобиқаҳои соли 2022 бошад варзишгарони ҷопонӣ  Маи Михара (миёни бонувон) ва Сёма Уно (миёни мардон) шуда буданд. Дар сабқатҳои ҷуфтӣ бошад ҷуфти ҷопонии Рику Миура/Рюити Кихара ғолиб шуданд. Дар навъи рақси рӯи ях ҷуфти канадагии Пайпер Гиллес/Пол Пуарйе  зафар ёфтанд.

Ёдрас мекунем, ки варзишгарони рус ва белорусӣ бо қарори ISU аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шудаанд.

Сарчашма: «Чемпионат»