Пирӯзии Андрей Рублев дар даври дуюми Australian Open

Пирӯзии Андрей Рублев дар даври дуюми Australian Open

Теннисбози рус Андрей Рублев дар доираи даври дуюми чемпионати кушоди Австралия муқобили ҳарифи финияш Эмил Руусувуори рӯи корт баромада, ба пирӯзӣ расид. Ҳисоби умумӣ се бар як дар сетҳо- 6-2, 6-4, 6-7, 6-3.

Теннисбози дигари рус Екатерина Александрова бошад муқобили 135-умин ракеткаи ҷаҳон Тейлор Таунсенд бозиро мушкил оғоз намуд, вале ахиран ба пирӯзӣ расида тавонист – 1:6, 6:2, 6:3.

Вероника Кудерметова муқобили ҳарифаш Волинес зафар ёфта натавонист – 6:4, 2:6, 6:2 ба нафъи варзишгари амрикоӣ.

Людмила Самсоноваи 24-сола (рақами 20-уми раддабандӣ)  муқобили намояндаи  26-солаи Хорватия Донна Векич (ракеткаи 64-уми ҷаҳон) рӯи корт баромада, бозӣ бо пирӯзии Донна Векич – 6:3, 6:0 анҷом ёфт. Давомнокии вохӯрӣ 1 соату 8 дақиқаро ташкил дод.

Дар даври сеюм Векич бо ғолиби ҷуфти Нурия Парризас-Диас (Испания) – Анастасия Потапова (Россия) бозӣ  мекунад.

Australian Open (з). Даври 2-юм

Донна Векич 2 : 0 Людмила Самсонова

Сарчашма: «Чемпионат»