Сабқати довталабон миёни бонувон — 2024: рӯйхати бозиҳои рӯзи 15-уми апрел

Сабқати довталабон миёни бонувон — 2024: рӯйхати бозиҳои рӯзи 15-уми апрел

Имрӯз, 15-уми апрел даври бозиҳои 10-уми Сабқати довталабон миёни бонувон – 2024 оиди шоҳмот доир мешаванд. Бозиҳо дар маҷмааи «Зе Грейт Холл»-и шаҳри Торонто баргузор мегарданд.

Екатерина Лагно (Россия) — Анна Музичук (Украина)

Александра Горячкина (Россия) — Лэй Тинсзе (Чин)

Нургул Салимова (Булғористон) — Рамешбабу Вайшали (Ҳиндустон)

Тан Чжунйи (Чин) — Хампи Конеру (Ҳиндустон)

Сабқати мазкур то рӯзи 23-юми апрел идома ёфта, ғолиби он ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 24 ҳазор доллар ба даст меорад. Ғайр аз ин баҳри ҳар ним хол варзишгарон 1750 еврогӣ соҳиб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки роҳхати аввалини сабқати довталабонро ноиб-қаҳрамони феълдии ҷаҳон ба даст меорад. Се квотаи дигар бошад насиби ғолиб ва ҷоизадорони Ҷоми ҷаҳон мегардад. Боз ду роҳхати дигарро иштирокчиёни сабқати финалии Grand Swiss мегиранд.