“Сент Луис” – “Миннесот Уайл”-ро мағлуб кард ва ба марҳилаи плей-оффи ЛМХ роҳ ёфт

“Сент Луис” – “Миннесот Уайл”-ро мағлуб кард ва ба марҳилаи плей-оффи ЛМХ  роҳ ёфт

“Сент –Луис Блюз” дар варзишгоҳи “Энтерпрайз- сентр”-и шаҳри Сент Луиси ИМА бо тими “ Миннесот Уайл” майдондорӣ кард. Дар ин вохӯрӣ мизбонон тавонистанд ,ки бо натиҷаи 5 бар 1 ғалаба ба даст биёранд. Ҳамин тариқ, даста пас аз ин ғалаба ба марҳилаи плей-оффи Лигаи миллии хоккей роҳашро ҳамвор сохт.

Голи аввалро Ник Ледди аз ирсоли головари Колтон Парэйко истифода бурда,  дар дақиқаи 15-уми вохӯрӣ ба самар расонид.  Бартарии мизбононро дар дақиқаи 30-юми бозӣ Райан О Райлли дучанд намуд.  Пас аз чаҳор дақиқа Тайлор Бозак  ҳисоби бозиро 3 бар 0 кард.  Владимир Тарасенко дар дақиқаи 39-уми бозӣ натиҷаро 4 бар 0 намуд.  

Дар дақиқаҳои аввали қисми 3-юми бозӣ голи ягонаи меҳмононро Мэтт Дамба марбути номи хеш кард. Ба ӯ ирсоли головарро Дмитрий куликови рус партофт кард. Нуқтаи ниҳоии вохӯриро Парэйко дар дақиқаи 59-уми бозӣ гузошт. Ӯ гӯйро ба дарвозаи холӣ равон намуд.