Шикасти Василий Ломаченко аз дасти Теофимо Лопес

Шикасти Василий Ломаченко аз дасти Теофимо Лопес

Таърихи 17 уми октябр дар Лас–Вегаси Амрико дидори ду муштзани маъруфи олам Лопес Теофимои амрикоӣ ва Василий Ломаченкои украинӣ баргузор шуд. Қисмати аввали давраҳои дидор ба суди Теофимо Лопес ҷамбаст шуд. Баъди раунди 7 ум алакай фаъолии Ломаченко ба чашм мерасид. Махсусан зарбаҳои охири ин варзишгари украини Лопесро хаста ва беҳол кард. Тибқи қарори якдилонаи доварон натиҷа бо ҳисоби 116-112, 117-111 ва 114-114 ба нафъи Лопес Теофимо ҷамбаст шуд. Тахши ин дидорро ширкати телевизионии ESPN манзури мухлисони бокси ҷаҳон намуд.