Шиноварбонуи Чин соҳиби медали тилло шуд

Шиноварбонуи  Чин соҳиби медали тилло шуд

Рақобати даври ниҳоии шиноварӣ ба масофаи 200 метр дар навъи шинои баттерфляй миёни занон бо пирӯзии намояндаи Ҷумҳурии Мардумии Чин - Чжан Юфей  хотима ёфт. Инчунин ин шиноварбонуи моҳир рекорди олимпиро иваз кард. Масофаи муқараршударо Юфей дар мудати 2:03.86 сония тай намуд. Медалҳои нуқра ва биринҷиро варзишгарони амрикоӣ Реган Смит ва Хали Фликингер ба даст оварданд.

Бозиҳои олимпии Токио-2020. Шиноварӣ, бонувон, 200м баттерфляй

Чжан Юфей (Чин), 2:03.86 - рекорди олимпӣ

Реган Смит (ИМА), 2:05.30

Хали Фликингер (ИМА), 2:05.65