Шоҳмотбозони тоҷик бо дастоварди шоён аз Дубай ба Душанбе баргаштанд

Шоҳмотбозони тоҷик бо дастоварди шоён аз Дубай ба Душанбе баргаштанд

Чор нафар наврасони тоҷик аз якумин сафари байналмилалии худ ба ватан бозгаштанд ва мавриди истиқболи гарми наздикону дӯстонашон қарор гирифтанд. Ин наврасон чанде пеш баъди пирӯзӣ дар озмуни махсуси шоҳмотбозӣ ва омӯзиши забони англисӣ дар "Маркази шоҳмот"-и Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб сафарбар гардида буданд.  Онҳо машғулиятҳои таълимии шоҳмотро таҳти роҳбарии шоҳмотбози маъруфи тоҷик,  бузургустод Фаррух Амонатов дар “Sino Chess”  Академияи шаҳри Дубай баргузор намуданд. Дар ин сафар Алсу Сайфутдинова, Давид Наимов, Амир Наврӯззода ва Имрон Сайфутдинов ҳамчунин дар мусобиқае иштирок намуда тавонистанд зинаҳои ифтихории мусобиқа гарданд.

Ин наврасон ҳамзамон бо шоҳмот ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Маркази Шоҳмоти шаҳри Душанбе фаро гирифта шуда пас аз гузаштан аз озмун ба Дубай сафар кардаанд, ки ин худ корро барои онҳо дар якумин сафари байналмилалиашон осонтар намуда аст.

Ҳамин тавр,  чор шоҳмотбози наврас ҳамчунин дар мусобиқаи байналмилаллӣ  низ иштирок намуда якумин ҷоизаҳояшонро низ дарёфт карданд, ки орзуи ҳар фарди варзишгар мебошад.

Ба гуфтаи масъулон  ин анҷоми кор нест балки Федератсияи шоҳмоти кишвар дар оянда низ ҷиҳати тарбият ва ба воя расонидани шоҳмотбозони номовар ва муаррифи миллат дар хориҷ аз кишвар  талош хоҳад кард.