Соли бобарор барои TAJMMAF

Соли бобарор барои TAJMMAF

Тоҷикистон - дар майдони рақобатҳои муҳорибаҳои омехта ва берун аз он ба пешрафтҳои бузург ноил гашта истодааст. Дар нахустин силсилаи чорабиниҳои IMMAF бо ишора ба баъзе кишварҳое, ки дар Чемпионати ҷаҳонии IMMAF-2021 дар Абузабӣ иштирок намуданд, онҳо таваҷҷуҳи худро ба Федератсияе оварданд, ки дар 12 моҳи охир аз ҳама бештар рушд кардааст. Ин федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон аст.

Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон аз узви нисбатан нави Федератсияи байналмиллалии муҳорибаҳои омехта буда, ба рӯйхати 10 Федератсияи беҳтарин дар сатҳи бузургсолон ва наврасон мебошад, пас аз шомил шудан ба узви Федератсияи байналмиллалии муҳорибаҳои омехта ба як пешравии шабеҳ ба шаҳобсанг ноил шудааст.

Соли 2021 барои Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон соли хеле бобарор буд, зеро ҳамчун федератсияи нави узви Федератсияи байналмиллалии муҳорибаҳои омехта онҳо тавонистанд дар ҳамаи чаҳор чемпионати байналмилалӣ, се мусобиқаи Федератсияи байналмиллаӣ ва як чемпионати Конфедератсияи муҳорибаҳои омехтаи Осиёи Марказӣ ширкат варзида дар ҳар яки онҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.

Дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар София 5 варзишгари федератсияи мазкур иштирок карда, 1 медали тилло ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар Чемпионати кушоди Аврупо миёни наврасон дар Қазон 12 варзишгар иштирок намуда, 2 медали тилло ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар Ҷоми ҷаҳонӣ миёни калонсолон ва наврасон дар Прагаи Ҷумҳурии Чехия 9 варзишгари кишвар ширкат варзида 3 медали тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ ва дар чемпионати якуми Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нукуси Ӯзбекистон дастаи дуюми Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон 4 медали нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст овард.

Дар умум, барои Федератсияи муҳорибаҳои омехта 12 моҳи гузашта хеле пурсамар ва фоидаовар буд. Ба даст овардани эътироф аз ҷониби ҳукумат як дастоварди бузургест, ки бо муваффақияти бузурги мусобиқаи онҳо ҳамроҳ мешавад. Агар онҳо тавонанд дар чемпионати ҷаҳон баромади устувор нишон диҳанд, федератсияи метавонад то феврали соли 2022 худро дар топ-5 беҳтаринҳои ҷаҳон пайдо кунад.