Сояи Месси дар “Интер” пайдо шуд

Сояи Месси дар “Интер” пайдо шуд

Антонио Конте, сармураббии дастаи “Интер” дар ҳар нишасти матбуотиаш мегӯяд, ки Месси ба “Интер” намеояд. Хабар додааст Сhampionat.tj. Ҳарвақте сармураббӣ ин гапро гӯяд ҳатман баъди он як ҳодисае мешавад, ки одамонро маҷбур менамояд то ба омадани Месси ба “Интер” бовар намоянд. Дирӯз дар телевизиони машҳури чинии “Сунинг” бозии дастаҳои “Интер” ва “Наполи”-ро тарғиб мекарданд. Дар ин анонс ногаҳон сояи “Месси” пайдо шуд, ки онро рӯи калисои Милан гузошта буданд. Телевизиони “Сунинг”-и чиниро роҳбараш Стивен Ҷан аст ва ана ҳамин Стивен Ҷан роҳбар ё сарпарасти бошгоҳи “Интер” мебошад. Дар телевизиони ӯ ҳангоми намоиши анонси дастаи “Интер” акс ё сояи Месси пайдо мешавад. Ин ба фикри Шумо чӣ маъно дорад? Хулас баъди чанд сония ин наворро дигар нагузоштанд, ки пахш равад, аммо гап сари ин аст, ки ҳамин Месси хапак хапак меояд чӣ?