Суперҷоми Тоҷикистонро кӣ доварӣ мекунад?

Суперҷоми Тоҷикистонро кӣ доварӣ мекунад?

Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”-ро рефери ФИФА Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак ҳакамӣ мекунад. Дар ин бозӣ ба Насрулло Кабиров ёварон Акмал Буриев (Турсунзода) ва Исмоил Нуралиев (Норак) кӯмак мекунанд. Гулмуроди Саъдулло бошад, ҳамчун довари эҳтиётӣ дар ин вохӯрӣ таъйин шудааст.

Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 байни бошгоҳҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” санаи 4-уми апрел соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бозии мазкур бинбар сарзадани хуруҷи вируси корона бидуни тамошобин баргузор мешавад. Хоҳишмандон имкон доранд, ки ин дидорро тавассути шабакаҳои «Варзиш» ва «Футбол» тамошо намоянд.

Суперҷоми Тоҷикистон-2020

4 апрел (шанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварони довар: Акмал Буриев (Турсунзода), Исмоил Нуралиев (Норак).

Довари эҳтиётӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе

Комиссари бозӣ: Бехруз Айниддинзода (Бохтар).

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе