Талафоти бузург барои «Барселона»

Талафоти бузург барои «Барселона»

«Барселона» ин мавсим дар умқи мушкилиҳо ғутидааст, ба истеъфо рафтани президент ва нокомиҳои ин мавсим басанда набуд, ки боз футболбозони калидии даста ҷароҳати тулонӣ бардоштанд.   

Дар бозии даври 10-уми Ла Лигаи Испания «Атлетико» дар майдони худ «Барселона»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаи вохӯриро пас аз хатогии дағали Тер Штеген дар дақиқаи 3-юми иловагии қисми якум Карраско ба ҳадаф расонид.

Дар ин вохӯрӣ якбора 2 ҳимоятгари «Барселона» ҷароҳат бардоштанд. Дар дақиқаи 64-ум ҳамлагари «Атлетико» Анхел Корреа ҳангоми афтидан ба замин пойи Пикеро пахш кард. Футболбоз бо ашки чашм майдонро такр кард, зеро ҷароҳат хело ҷиддӣ буд. Ба ҷойи ӯ Дест ба майдон баромад. Дар дақиқаҳои охири бозӣ бошад, Серхи Роберто пас аз зарба задани тӯб пояш дард кард ва ӯ аз майдон берун шуд. Сомонаи расмии «Барселона» хабар додааст, ки ҷароҳати бардоштаи Жерар Пике ҷиддӣ буда, муҳлати барқаророшавии саломатиаш аз худи ӯ бовастагӣ дорад. Серхи Роберто бошад, ду моҳ ба даста ёрӣ дода наметавонад. Қаблан боз ду футболбози асосии даста Серхио Бускетс ва Ансу Фати ҷароҳат бардошта буданд.